Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия: Таҳрим то ҳол шурӯъ нашудааст


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, таҳрими иқтисодии гурӯҳҳои пуштибон аз ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ то ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Ҳамчунин Эрдуғон гузоришҳо дар бораи баста шудани ҳарими ҳавоии Туркия барои парвоз ба шимоли Ироқро беасос номид.

Туркия ҳазорҳо афсару сарбозашро ба марзи ин кишвар бо Ироқ интиқол додааст. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо дар юриши низомӣ болои пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд дар Шимоли Ироқ ширкат варзанд.

Рӯзи чоршанбе ҳукумати Туркия таҳрими гурӯҳҳои пуштибон аз ҷудоихоҳони курдро ба тасвиб расонд. Тафсилоти бештаре ба табъ нарасидааст, вале тахмин мешавад, ки ҳадаф таҳрими идораи мухтори курдҳо дар шимоли Ироқ аст.

XS
SM
MD
LG