Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати хабарнигори тоҷик бо "Булбули Гурҷистон"


Тамара Гвердсители ҳини консерт дар Прага. Аккос - Вова Помортсев.

Тамара Гвердсители ҳини консерт дар Прага. Аккос - Вова Помортсев.

Ахиран овозхони маъруфи гурҷӣ Тамара Гвердисители дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, аввалин консерти ҳунарии худро баргузор кард.

Хонум Гвердсители ҳамон тавре, ки ҳаводораш аз наворҳои телевизион дида одат кардаанд, дар саҳнаи Конгресс-сентри Прага хеле шоду пурэнержӣ буд, бо тамошобинонаш пайваста сӯҳбат мекард, пораҳоеро аз оҳангҳои худу навиштаҳои тозааш муаррифӣ мекард. Ҳунарнамоии ӯ як театри хурди мусиқиро мемонд, ки аз лаҳзаи аввал то охир ҳама ҷузъиёт, то ивазкунии либосҳои саҳнавиаш хуб андешида шуда буд.

Барномаи консертии Тамара Гвердсители иборат аз оҳангҳои маъруфи гурҷиву русӣ, мисли "Виват, Корол", "Тамада" ва ҳам таронаҳое бо забонҳои англисиву фаронсавӣ ва олмониву яҳудӣ буд.

Хонум Гвердисители ҳоло ҳам дар Маскав зиндагӣ мекунад, аммо аксар вақти ӯ дар сафарҳои хориҷӣ мегузарад. Вай мегӯяд, ҳайати ҳунармандоне, ки ҳамроҳаш кор ва мусофират мекунанд, ҳама аз қавму миллатҳои гуногунанд: яке арманӣ, дигаре озарӣ, саввумӣ гурҷиву яҳудӣ ва дигару дигар. Сӯҳбати мо бо Тамара Гвердисители ҳам аз ҳамин мавзӯъ шурӯъ шуд:

Ман ба Тоҷикистон сулҳу амонӣ орзу мекунам...

"Инсондӯстӣ дар хуни ман аст, ки бо шири модар омадааст. Дар хонаводаи мо ҳеҷ гоҳ одамҳоро ба худиву бегона ҷудо намекарданд. Ман дар Тифлис бузург шудам, падарам гурҷӣ ва модарам аз яҳудиҳои Одесса аст. Ман ин хислатҳоро дар эҷодиёти худ ҳам парастиш мекунам. Принсипҳои инсонии ман чунинанд, ки ҳама одамҳо аз рӯи хусусиёти миллӣ фарқ мекунанд, аммо дар асл онҳо ё хуб мешаванд ё бад. Мутаассифона, вақтҳои охир рӯҳияи бегонаситезӣ хеле афзоиш ёфтааст ва он чи ки то дирӯз чун як меъёр шинохта мешуд, имрӯз боиси сар задани ҷангҳову низоъҳо мешавад. Аз ин рӯ, барои ман хеле муҳим аст, ки ҳамин рӯҳияи инсондӯстиву арҷгузорӣ ба миллату фарҳангҳои мухталифро дар консертҳои худ талқин кунам. Мехоҳам, ки дар амал ин ормонҳои худро собит кунам ва ба дигарон имконият диҳам, ки ҳунари худро ба намоиш гузоранд ва садои моро ҳам шунаванд".

"Ояндасоз": Шуморо дар саҳна дар ҳолати мухталиф дарёфтем: гоҳе ғамгину афсурда, гоҳе шоду дилгарм. Аммо бо дарназардошти ҳуввияти миллиатон, табиати шумо дар асл чӣ гуна аст?

"Ман якранг нестам. Агар одам кори хайр накунад, вай тавони эҷоди мусиқиву оҳангро нахоҳад дошт. Ҳама кору эҷоди вай беҷон хоҳад буд. Дар замири ман шояд ҳамон оташи гарми қафқозӣ ҳамроҳ бо фурӯтанӣ тавъам шудааст".

"Ояндасоз": Мунаққидони оҳангҳоятон шуморо аксаран бо ибораҳои "булбули Гурҷистон" ва ё "Эдит Пиафи гурҷӣ" тавсиф мекунанд. Имрӯз ҳам мо дидем, ки дар эҷодиёти шумо таронаҳои фаронсавӣ мақоми вижаро доранд. Ин муҳаббати шумо ба Фаронсаву навоҳои ин кишвар аз куҷо сарчашма мегирад?

"Ман ҳатто наметавонам ин ҳастии худро шакл бидиҳам, чун ҳамеша ба мусиқии фаронсавӣ майл ва муҳаббати зиёд доштам. Ба назарам, ман дар хурдсолӣ вориди ин ду дарёи пуртуғён - мусиқиҳои гурҷиву фаронсавӣ - шудам ва баъдан ин эҳсос дар равони ман ба як баҳри бузург табдил шуд. Сафари ман ба Париж ва таровати хиёбонҳои он ҳам баъдан дар эҷодиёти ман нақши муҳимро бозидааст. Ман фикр мекунам, ки бароям иҷрои оҳангҳои фаронсавӣ осонтар аз дигар таронаҳо аст"

"Ояндасоз": Шумо дар оғози сӯҳбат гуфтед, ки аз баъзе таҳаввулоти ахири сиёсиву иҷтимоии баъзе нуқоти ҷаҳон нороҳат ҳастед. Ҳоло дар равобити миёни Гурҷистону Русия ҳам мушкили зиёд вуҷуд дорад. Аммо шумо дар чунин шароит чӣ мавқеъро ихтиёр мекунед?

"Бале, одами оддӣ наметавонад ба ин ҳама рӯйдодҳои ҷаҳонӣ бидуни ҳайрат нигоҳ кунад. Ҳар шахси эҷодкор, хоҳ вай овозхон бошаду хоҳ раққос ва ё масхарабози сирк, вай ҳамеша шодиву ғам ва андӯҳи мардуми худро инъикос мекунад. Ҳунар берешаву бебунёд намешавад. Ва паёме, ки шумо ба шунавандаи худ мерасонед, аз рӯҳияву табиати мардуме, ки ба он тааллуқ доред, вобаста аст. Ва агар имрӯз дар консерт ба ман даст намедод, ки муносибати ҳадди аққал як касро ба Гурҷистон тағйир диҳам ва ӯро водор кунам, ки ба ин кишвар бо чашми дигар, на бо нигоҳи сиёсӣ бингарад, ва бубинад, ки ин як кишвари бузурги доройи фарҳангу таърихи ғанӣ аст, ва мусиқии рангин дораду ман як намояндаи ин фарҳанг ҳастам, намедонам чӣ мекардам. Ман мехоҳам ба қалби шунаванда роҳ ёбам ва ӯ садои маро бишнавад ва он зебоиеро, ки барояш ноошно буд, бишносад ва бидонад, ки чунин зебоӣ ҳам мавҷуд аст".

Баъди пошхӯрии шӯравӣ Тамара Гвердисители, ки 30 сол дошту тоза маъруфияти саросариро касб мекард, қарор кард дар пойтахти Русия монда ҳунари овозхонии худро аз Маскав идома диҳад. Ин воқеият ва назари интиқодии вай ба рӯйдодҳои пурпечутоби Гурҷистон боис шуд, ки ӯро дар дохили кишвар баъзеҳо ба боди танқид кашида ба забони русӣ хондани ӯро ҳам маҳкум карданд. Аз ӯ пурсидам, оё ба чунин муносибати номатлуби баъзе ҳамватанонаш дар дохили Гурҷистон, онҳое, ки ӯро намефаҳманд, чӣ вокуниш нишон медиҳад?

"Онҳое, ки намефаҳманд, хуб… Аммо фикр мекунам, дар Гурҷистон дигар он рашку нофаҳмие, ки қаблан буд, намондааст. Ин як чизи қобили фаҳм аст, ки як кас дар Русия, каси дигар дар Олмон зиндагӣ мекунад, аммо бо ин вуҷуд, намояндаи миллати худ боқӣ мемонад. Ман нақша дорам, ки ҳамроҳ бо Мишел Легран дар Тифлис консерт гузорам. Умедворам, ки ин кори хайр ҳатман амалӣ мешавад ва мо як сафари ҳунариро анҷом хоҳем дод".

"Ояндасоз": Аммо ба ҳар ҳол, ба андешаи шумо, роҳи ҳалли бӯҳронҳои сиёсии дар миёни Тифлису Маскав баамаломада дар чист?

"Ман аслан мардуми чехро намешиносам, аммо мебинам, ки чӣ гуна онҳо аз ин масъалаи сиёсӣ раҳо шуда, ба Чехияи мустақилу Словакияи мустақил тақсим шуданд. Аз ин рӯ, ба фарҳанги волои онҳо эҳтиром қоил ҳастам. Онҳо нахостанд умумияти таърихии миллатҳои худро бо чунин баҳсу тасмимгириҳои сиёсӣ олуда созанд ва бидуни хушунат мушкилро ҳал карданд. Миллатҳои дигар бошанд, даст ба низоъу куштор заданд. Дар ин гуна масъалаҳо, фикр мекунам, бисёр чиз ба фарҳанг ва табиати миллӣ бастагӣ дорад. Албатта, гурҷиҳои хунгарм наметавонанд мисли чехҳо зиндагӣ кунанд ва чехҳо ҳам тасаввурот надоранд, ки аз дили мо, гурҷиҳо, чӣ мегузарад. Ҳар миллат бояд як раҳбари худро дошта бошад, ки тавонад онҳоро ба таври шоиста аз вазъи бӯҳронӣ раҳо кунад".

"Ояндасоз": Кист ин раҳбаре, ки ба андешаи шумо имрӯз метавонад миллати гурҷиро аз паси худ бубарад?

"Ман намехоҳам то ба сатҳи сиёсат поин шавам, фақат мегӯям, ки раҳбари калисои Гурҷистон Иляи дуввумро эҳтиром мекунам ва фикр мекунам, ки ба шарофати чунин шахсиятҳо мо аз вазъи баамаломада берун хоҳем шуд".

"Ояндасоз": Яъне шумо чун як шахси баимон танҳо умедатонро ба раҳбарони мазҳабӣ мебандед?

"Ин масъалаҳо ба эътиқод вобаста нест, аммо ҳар касе, ки ба дунё меояд, бо умед зиндагӣ мекунад. Бале, зиндагӣ пуршиддат ва бераҳм аст, аммо чӣ кор кунем? Бояд зиндагӣ кунем, интихоби замон дар дасти мо нест".

"Ояндасоз": Дар ҷараёни консерти худ, шумо расми арӯсиву меҳмондориҳои гурҷиҳоро таъриф кардед, як таронае ҳам дар васфи ин оинҳои мардуми худ хондед. Боз бо кадом сифатҳо мардуми худро метавонед ба дигарон муаррифӣ кунед?

"Хайрхоҳ, боз, мағрур. Онҳо фикр мекунанд, ки зиндагӣ барояшон як саҳнаи бузург аст ва онҳо дар он нақш меофаранд. Ҳемингуэй гуфтааст, "Париж як ҷашнест, ки ҳамеша бо ту мемонад, ман инро дар робита бо Тифлис мегӯям"

"Ояндасоз": Ва дар ниҳояти сӯҳбат, бояд гуфт, дар Тоҷикистон шумо ҳаводори зиёд доред, ки ҳоло садои шуморо мешунаванд. Барои онҳо чӣ гуфтанӣ доред?

"Мехоҳам ба ҳама хушбахтиву сулҳу амниятро орзу кунам, бароятон саломативу муҳаббати зиёд таманно дорам. Барои садоқати шумо сипосгузорам, ва агар дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки маро дӯст медоранд, посухи ман ҳам ба онҳо ҳамин аст".

Тамара Гвердсители, овозхони мардумии Гурҷистон ва Русия, бо анҷоми сафари Чехия дубора ба Маскав баргашт. Аммо ӯ мегӯяд, як гӯшаи дилаш ҳамеша дар Гуристон аст.

XS
SM
MD
LG