Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Футболбозони ҷавон ба Қатар рафтанд


Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола роҳии Қатар шуд.

Ҷавонони Тоҷикистон барои ду роҳхат аз гурӯҳи худ ба даври ниҳоӣ бо тимҳои Туркманистон, Сурия, Бутан ва тими мизбон – Қатар рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Доҳа баргузор мешаванд.

Ҷадвали бозиҳои Тоҷикистон:

06 ноябр: Тоҷикистон – Туркманистон

08 ноябр: Тоҷикистон – Сурия

10 ноябр Бутан – Тоҷикистон

12 ноябр: Қатар – Тоҷикистон

Чиҳилу ду тим ба 7 гурӯҳ тақсим шудаанд. Бозиҳои ҳар як гурӯҳ дар як кишвар мегузарад. Ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Як тими дигаре, ки дар гурӯҳи худ ҷои саввумро гирифтааст ва нисбат ба ҷойҳои саввуми дигар холи бештар дорад, низ ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Даври ниҳоӣ соли 2008 дар Арабистони Саудӣ мегузарад.

XS
SM
MD
LG