Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмончиёни қазоқ эътироз карданд


Имрӯз дар рӯ ба рӯи Қасри раёсатҷумҳурии Қазоқистон ба нишони эътироз аз таъхири семоҳаи маош сохтмончиёни қазоқ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар шаҳри Остона тахминан 300 нафар роҳ ба қароргоҳи президент Нурсултон Назарбоевро бастанд. Бо вуруди афсарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ҷои ҳодиса раҳпаймоии бидуни иҷозатнома хотима ёфт. Саноати сохтмони Қазоқистон бо мушкилиҳои молӣ мувоҷеҳ буда, маҷбур аст хароҷоташро ихтисор намояд.

XS
SM
MD
LG