Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз коҳиши нозирон дифоъ мекунад


Раиси комиссияи марказии интихоботи Русия танқиди мамолики ғарбӣ дар иртибот бо коҳиши шумораи нозирони хориҷӣ дар интихоботи парламентии моҳи декабрро рад кардааст.

Рӯзи чоршанбеи 31 октябр Русия изҳор намуд, ки барои муроқибати интихобот 70 нозири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ( САҲА)-ро даъват хоҳад кард. Дар соли 2003-ум шумораи нозирони ин созмон беш аз чор баробар зиёдтар буд. САҲА мегӯяд, Русия маҳдудиятҳои "бесобиқа"-ро болои нозирони ин созмон ҷорӣ намудааст. Коҳиши шумораи нозиронро Қасри Сафед ҳам танқид кард. Раиси комиссияи марказии интихоботи Русия Владимир Чуров изҳор намуд, ки Русия шумораи "беш аз кофӣ"-и нозиронро даъват намудааст.

XS
SM
MD
LG