Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатми маъмурияти баҳрии Токио дар Афғонистон


Вазорати мудофиаи Япония ё худ Ҷопон ба киштиҳои кумакрасон дар амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон фармон додааст, ки ба ватан баргарданд. Мақомоти Токио дар мавриди идомаи фаъолияти киштиҳо ба мувофиқат нарасиданд.

Бар пояи қонуни вижа киштиҳои японӣ ба нерӯҳои амрикоӣ ва дигар муттафиқонаш дар "ҷанг бо терроризм" дар Афғонистон маводи сӯхт интиқол медоданд. Мӯҳлати иҷрои қонун имрӯз хотима ёфт ва мухолифини ҳукумат, ки дар Маҷлиси болоии парламент аксариятро дар ихтиёр доранд, тамдиди ин санадро мутаваққиф намуданд.

XS
SM
MD
LG