Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар робита ба қатли ду духтари ноболиғ ахиран қотилони эҳтимолиро дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, ҳанӯз 11-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳраки Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) хоҳарон Ҳамида ва Зуҳро Маҳкамоваҳо аз тарафи шахси номаълум ба қатл расида буданд.

Бино бар иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ин ҷиноят аслан ду нафар сокинони вилояти Хатлон – Сайнуриддин Ойаҳмадови 27-сола, ки қаблан барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд, ва ҳамхобаи ӯ Манзура Абдуқодироваи 31-сола даст доштаанд.

Гуфта мешавад, ин ду нафар муттаҳам ба куштор дар муддати 6 моҳи ахир дар вилояти Суғд бидуни ҳеч машғулияте ба сар мебурдаанд. Ҳамин тариқ, ба иттилоъи тафтишот, 11-уми октябр бо мақсади ғорат онҳо ба манзили Маҳкамовҳо медароянд ва баъди нохост бо ду фарзанди 12- ва 16-солаи ин хонавода рӯбарӯ шудан Сайнуриддин Ойаҳмадов бо зарбаҳои зиёди оҳанпораи махсуси тездам онҳоро дар ҷои ҳодиса ба қатл расонид. Пас аз ин ҷинояткорон тиловори ороишии кушташудагон ва 100 доллари аз хона пайдонамудаашонро бо худ бурданд.

Ба гуфтаи як корманди вазорат, баъди содир намудани ин ҷинояти мудҳиш С. Ойаҳмадов ва М. Абдуқодирова ба вилояти Хатлон омада, баъди чанд рӯз дастгир шуданд.

Гуфта мешавад, ҷинояткорон аллакай ба ҳама кори худ қоил шуда, чизҳои ғораткардаашонро ба мақомоти тафтишотӣ супурдаанд.

XS
SM
MD
LG