Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мутахассисони Амрико Кореяи Шимолӣ мераванд


Гурӯҳи мутахассисони ҳастаии Амрико имрӯз бояд роҳи Кореяи Шимолиро пеш гиранд, то ки Пйонгянгро водор ба иҷрои қарордоди бекоркунии маҷмааи аслии ҳастаии ин кишвар кунанд. Дирӯз дар Пекин раиси ҳайати музокироти ҳастаии Амрико Кристофер Ҳилл ва ҳамтои ӯ аз Кореяи Шимолӣ роҳҳои безарарсозии реактори ҳастаии Йонгбиёнро баррасӣ карданд. Ин реактор тавони тавлиди плутониум, ҷузви аслии бомбаи атомиро доштааст.
XS
SM
MD
LG