Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Ироқ ба Туркия пешниҳоди кӯмак карданд


ИМА ва Ироқ имрӯз ба Туркия кӯмаки бештарро барои муқобила бо шӯришиёни курд пешниҳод карданд. Пенгатон гуфт, ки барои анҷоми амалиёти наздимарзӣ маълумоти зиёди иктишофиро дар ихтиёри Туркия қарор медиҳад. Ҳушёр Зебарӣ, вазири курдасли умури хориҷаи Ироқ ваъда дод, ки дар соҳилҳои шимолӣ корҳои бештар барои тафтиши киштиҳои ҳомили маводи сӯхт, ғизо ва дигар захираҳо барои шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон карда хоҳад шуд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, дар шимоли Ироқ ҳудудан 3000 шӯришиёни курд ба сар мебаранд. Рӯзи чоршанбе аъзои кабинаи Туркия дар Анкара мулоқот карда, даргириҳои ахири миёни артиш ва ҷангиёни курдтаборро баррасӣ карданд. Тавофуқи аслии онҳо ин буд, ки Туркия зидди гурӯҳҳои пуштибон аз шӯришиён таҳримҳои мақсадноки иқтисодиро ҷорӣ хоҳад кард. Бағдод ва Вашингтон аз Анкара хостаанд, ки аз оғози ҳама гуна амалиёти густардаи низомӣ дар марз бо Ироқ даст кашад, то ки вазъи минтақаро ба ҳам назанад. Анкара гуфт, ки қабл аз шурӯи амалиёти наздимарзӣ шабакаҳои дипломатиашро ба кор хоҳад андохт.
XS
SM
MD
LG