Пайвандҳои дастрасӣ

Издивоҷҳо бо атбои хориҷӣ меафзояд


Чунин ба назар мерасад, ки сокинони Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар талош мекунанд, бо атбоъи хориҷӣ хонадор шаванд. Ба иттилоъи вазорати адлияи Тоҷикистон, танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Душанбе, пойтахт, 75 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиҳо ақди никоҳ бастаанд. Ба гуфтаи манбаъ, бештар ҷавондухтарон тасмим мегиранд, бо афроди хориҷӣ оила бунёд кунанд. Бонувони тоҷик бештар ба шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Амрико, Конодо, Австралиё ва кишварҳои араб ба шавҳар мебароянд. Соҳибназарон дар шарҳи сабаби афзоиши хонаводаҳои, ба истилоҳ, «интернатсионалӣ» дар Тоҷикистон, мегӯянд, дар аксари маворид ҷавондухтарон маҳз ба иллати мушкили иҷтимоӣ ва ё ҳаваси зистан дар хориҷа никоҳ бо атбоъи хориҷиро ихтиёр мекунанд.
XS
SM
MD
LG