Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон мушкилоти "Сангтӯда 2" баррасӣ мешавад


Ҳайате аз ниҳодҳои энержии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» озими Теҳрон шуд. Қарор аст, мақомоти энержии Тоҷикистон бо ҳамтоёни иронии худ аз ҷумла пиромуни роҳҳои афзоиши суръати сохтмони «Сангтӯда-2» табодули назар кунанд. Гуфта мешавад, дар аснои боздиди вазири энержию захоири оби Эрон аз Душанбе дар моҳи ноябри имсол, ҷонибҳо маҳз ин масъаларо мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Ҷониби Тоҷикистон масъала мегузорад, ки Эрон бояд дар арзи се соли оянда нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро бисозад, аммо Эрон мегӯяд, барои иҷрои тарҳи мазкур дасти кам 5 сол лозим аст. Ёдрас мекунем, умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ авоили соли 2006 шурӯъ гардида, барои иҷрои ин пружа Эрон 180 миллион ва Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд. Тибқи қарордоди ҷонибҳо, даромад аз барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» баъди сохта шуданаш давоми 12-уним сол ба ҷайби Эрон меравад ва баъдан ин иншоотро худи Тоҷикистон соҳибӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG