Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ ба Душанбе меоянд


Қарор аст имрӯз ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ - Шигео Катсу ҳамроҳ бо мудири бахши ин бонк оид ба манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ - Аннет Диксон бо сафари чаҳоррӯза вориди Тоҷикистон шаванд. Ҳадаф аз боздиди онҳо иштирок дар ҳамоиши марбут ба равобити иқтисодии Осиёи Марказӣ будааст. Ҳамзамон намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ қасд доранд, аз мавзеъи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дидан кунанд. Бонки ҷаҳонӣ дар арзёбии фаннию иқтисодии нерӯгоҳи мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

XS
SM
MD
LG