Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хориҷиҳоро аз мудохила ба интихобот ҳушдор дод


Кохи Кремлин хориҷиҳоро ҳушдор дод, ки аз мудохила ба интихоботи парлумонии Русия парҳез кунанд. Муовини сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт: "Ҳеҷ як кишвар талошҳои берунаро барои таъсиррасонӣ ба умури он қабул нахоҳад кард". Песков ин изҳоротро баъди он ироа кард, ки дирӯз ташаккули аслии демократии аврупойӣ - Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки Маскав нисбати ҳайати нозирони ин созмон маҳдудиятҳои бесобиқа ҷорӣ кардааст. Хонум Урдур Гуннарсдотир, сухангӯи ниҳоди масъули назорат аз интихоботҳои назди САҲА гуфт, ки Русия барои назорат аз интихоботаш ҳадди аксар 70 нозири ин созмонро даъват кардааст, ки аслан камтар аз чаҳоряки шумори кулли намояндагони ин созмон дар интихоботи соли 2003-ро ташкил медиҳанд. Иқдоми мазкур ҳамчунин боиси интиқодҳои Кохи Сафед шудааст. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Вашингтон аз фурсат ва шароити коре, ки барои фаъолияти нозирони интихоботӣ пешниҳод шудааст, ноумед гаштааст. Аз ҳоло аксар таҳлилгарон мегӯянд, ки раъдиҳии мазкур бештар як референдуми пуштибонӣ аз раиси ҷумҳурӣ Владимир Путин аст, ки қариб ҳашт сол мешавад сари қудрат боқӣ мемонад. Пешгӯӣ мешавад, ки аксари раъйҳоро дар интихобот ҳизби "Русияи Воҳид" ба даст хоҳад овард, ҳарчанд мухолифин шикоят мекунанд, ки пуштибонии Путин аз ин ҳизб барояш бартарии ғайримунсифонаро дар интихобот фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG