Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши нав доир ба муҳоҷирони корӣ


Созмони Байналмилалии Муҳоҷират мегӯяд, зоҳиран имсол пули интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба як миллиарду 800 миллион доллар расида ва соли оянда аз ҳам хоҳад афзуд. Муаллифони як пажӯҳиши тозаи ин созмон, пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷикро "чархи" иқтисоди Тоҷикистон номида ва гуфтаанд, пулҳое, ки муҳоҷирон ба кишвар меоранд, дар рушди иқтисоди кишвар нақши бисёр муҳим доштааст. Тибқи ҳисобҳои мухталиф, аз Тоҷикистон, ки иқтисоди заъифу имконоти кам дорад, солона аз 600 ҳазор то як миллион нафар барои пайдо кардани кор ба кишварҳои дигар бахусус ба Русия сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG