Пайвандҳои дастрасӣ

Барқи «Сантуда-1» дар ихтиёри кӣ хоҳад буд?


Анатолий Чубайс, раиси РАО ЕЭС

Анатолий Чубайс, раиси РАО ЕЭС

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ихтиёрдории 25 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯдаи-1» суҳбат мекарданд ва баъдан ҳам талоши афзудан ба сиҳоми Тоҷикистон дар ин сохтмонро доштанд, мақомоти РАО ЕЭС-и Русия мегӯянд, ки танҳо ҳудуди 18 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон тааллуқ мегирад.

Анатолий Чубайс, раиси ширкати шабакаҳои муттаҳидаи барқи Русия ё РАО ЕЭС, дар ин бора гуфтааст: «Ман наметавонам феълан ба сурати мушаххас саҳми тарафҳо дар «Сангтӯдаи-1»-ро эълон кунам, аммо тибқи ҳисобҳои қаблӣ тарҳи ин барнома 450 миллион доларро ташкил медиҳад ва саҳми ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 18 дарсад аст. Вале нуқтаи ниҳоӣ дар ин баҳс ҳанӯз гузошта нашудааст».

Ин дар ҳолест, ки тибқи қарордоди ду ҷониб бояд 75 дарсади саҳмияҳои «Сангтӯдаи-1» ба ҷониби Русия ва 25 дарсади он ба Тоҷикистон таалуқ мегирифт. Ва дар ин ҳол, тибқи қавонини Тоҷикистон, ҷонибе, ки 75 дарсади сиҳомро дар даст дорад, ҳаққи назорат бар умури ҷамъияти саҳомӣ ва сохтмонро хоҳад дошт.

Коршиносон мегӯянд, ин ҳол пайомади нақзи қарордоди нобаробар ва санҷиданошуда бо Русия дар марвиди сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад ва талоши Русия барои ин аст, ки тасмимгирӣ дар марвиди истифода аз ин нерӯгоҳро дар ихтиёри худ дошта бошад ва онро ба унвони аҳром таъсиргузорӣ ва истифода кунад.

Аммо бештар аз ин ҳам мушкили дигаре, ки ба назари таҳлилгарон метавонад пеш ояд, наҳваи истифодаи аз барқи тавлидии ин нерӯгоҳ аст. Гуфта мешавад, шароити 75 дарсади саҳмияҳо ва бештар аз онро дар ихтиёр доштани яке аз ҷонибҳо дар қарордод наомадааст ва тарзи истифода аз барқи ин нерӯгоҳ дар ин ҳолат мушаххас нашудааст.

Вале дар чунин ҳолатҳо, бо вуҷуди ниёзи шадиди Тоҷикистон ба нерӯи барқ, оё ширкати РАО ЕЭС-и Русия метавонад ҳамчун дорандаи 75 дарсади сиҳоми НБО- и «Сангтӯда» нерӯи барқи онро ба хориҷ содир кунад?

Ин коршиносон мегӯяд, Тоҷикистон бояд ташол кунад то оғози марҳилаи аввали баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда қарордиди илҳоқиеро бо Русия ба имзо бирасонад, ки тибқи он барқи «Сангтӯдаи-1» дар навбати аввал барои баровардани ниёзҳои Тоҷикистон истифода шавад.

Нерӯгоҳи «Сантуда-1» тавассути ширкати РАО ЕЭС –и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва барои анҷоми сохтмони он 450 миллион доллар масраф хоҳад ҳуд. Ин нерӯгоҳ дар ҳавзаи рӯдхонаи Вахш тавони тавлиди 670 мегаватт нерӯи барқро дорад.

XS
SM
MD
LG