Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Лавров Эронро тарк кард


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки бо раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод доир ба барномаҳои атомии ин кишвар гуфтугӯ дошт, имрӯз Теҳронро тарк кард. Сергей Лавров гуфт, ӯ ба зарурати нишон додани табиати сулҳомези барномаи атомии Эронро таъкид кардааст, то ин бӯҳрон аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Пештар аз сафари Сергей Лавров ба Теҳрон раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин таҳримоти тозаи Амрико ба зидди Эронро танқид кард, ки ба гуфтаи Иёлоти Муттаҳида Теҳрон қасд дорад, силоҳи атомӣ бисозад. Давлати Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Русия ба Эрон дар бунёди нахустин нерӯгоҳи барқи атомиаш кӯмак мерасонад.

XS
SM
MD
LG