Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи ду вазорати Амрико дар мавриди Ироқ


Вазоратҳои дифоъ ва умури хориҷаи Амрико тавофуқ карданд, то муқаррароти идораи ширкатҳои амниятии қарордодӣ дар Ироқ сахттар карда шавад. Ин амр пас аз он сурат гирифт, ки як моҳи пеш муҳофизони ширкати хусусии амниятии Блеквотери Амрико 17 нафари ғайринизомии ироқиро куштанд. Дар айни ҳол ҳукумати Ироқ тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки ширкатҳои хусусии хориҷии амниятиро аз ҳаққи масуният маҳрум месозад. Агар ин қонун дар порлумони Ироқ тасвиб шавад, дастури соли 2004 Пол Бремер ҳокими собиқи муваққатии амрикоии Ироқ доир ба масунияти ширкатҳои мазкур ҳукми худро аз даст медиҳад. Бар асоси дастури Пол Бремер мақомоти Ироқ ҳақ надоштанд, маъмурони амниятии амрикоиро муҳокима кунанд.

XS
SM
MD
LG