Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои сахти гунаҳкорони бомбгузорӣ дар Мадрид


Додгоҳи Испониё имрӯз аз 28 нафар муттаҳам ба бомбгузориҳои маргбори соли 2004 дар қатори шаҳри Мадрид 21 нафари онҳоро дар ин амал гунаҳкор донист. Се нафар аз муҷримон ба 40 ҳазор соли зиндон маҳкум шуданд, ҳарчанд бар асоси қонунҳои Испониё маҳбусон ҳадди аксар то 40 сол дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд.

Додгоҳ ҳафт нафар аз муттаҳамонро табраъа ва ё сафед кард. Дар миёни онҳо як марди мисрӣ ҳаст, ки ба тарҳрезии ҳамла муттаҳам мешавад. Ин мард феълан дар як боздоштгоҳи Итолиё аст, чун ӯро узви як гурӯҳи байналмилалии терористӣ медонанд.

Дар бомбгузориҳои моҳи марти соли 2004 дар қаторҳои мусофирбар дар шаҳри Мадрид 191 нафарро кушта ва беш аз 2000 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи муфаттишон, бомбгузорӣ амали дасти як гурӯҳи маҳаллии тундравони исломӣ ва ҳаводори созмони Ал-қоида будааст.

XS
SM
MD
LG