Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи нигаронкунандаи ёдгориҳои бостонӣ


Оё ёдгориҳои меъмории бостонии Бадахшон чун кӯҳҳои он побарҷо хоҳанд монд?

Оё ёдгориҳои меъмории бостонии Бадахшон чун кӯҳҳои он побарҷо хоҳанд монд?

Қадимтарин ва баландтарин ёдгории бостонии ҷаҳон дар остонаи маҳвгардӣ қарор дорад.

Музаффар Азизӣ, сардори раёсати бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеъии кишвар, мегӯяд, мавзеъи «Ошхона»-и Марғоби Бадахшон, воқеъ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр, ки беш аз 30 000-сола буда, дар таърихи башарият нақши муҳим дорад, ахиран аз сӯи сайёҳон хароб мегардад.

Ба гуфтаи оқои Азизӣ, сайёҳон сангу табсираҳои ин ёдгории беназири таърихиро бо худ дастовез мебаранд ва ба ин мамнуъгоҳ зиён меоранд: «Бо хунукназарии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, дар аксари маворид сайёҳон ба ҳайси дастовез нигораҳои ҳаккокишуда, тасвирҳои сангӣ ва силоҳоти аҳди қадимаро, ки арзиши хеле баланди бостонӣ доранд, бо худ мебаранд».

Дар ҳамин ҳол барои ҳифзи ин мавзеъи таърихӣ ва беш аз 240 нигораи нодири таърихии дигар, ки дар Кӯҳистони Бадахшон маҳфӯзанд, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 29 октябр – 2 ноябри соли равон бо кумаки молии Бунёди Оғохон ва Донишгоҳи Осиёи миёна миёни кормандони соҳаи фарҳанги вилоят дарсҳои омӯзишии ҳифзи ёдгориҳои меъмориро роҳандозӣ кардааст.

Оқои Азизӣ мегӯяд, ҳадафи аслии ин дарсҳо ба мардум фаҳмонидани аҳаммият ва арзишҳои ёдгориҳои меъмории Бадахшон аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба бовари бостоншиносон, ёдгориҳои таърихии аз арзиши башарӣ бархӯрдори Бадахшон бештар аз сӯи мақомоти маҳаллӣ, ҷаҳонгардӣ ва туризм ва ҳатто ширкатҳои байнулмилалӣ хароб мегарданд.

Музаффар Азизӣ мегӯяд, агар як ҷониб сангу хишти Кохҳои Роштқалъа, Бартанг, Беҳрӯз ва Корвонсарои Ишкошимро барои бунёди хонаҳои шахсӣ бурда бошанд, пас шаҳраки Бозордара, ки беш аз 200 сол кишварҳои дар масири «Роҳи абрешим» ҷойгирифтаро бо нуқра таъмин мекард, пас аз эҳёи конҳои маъдан аз сӯи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ вайрон мегардад: «Дар ин конҳо маъмулан корҳои инфиҷориву таркишҳо сурат мегиранд, ки дар натиҷа бар зарари конҳои аҳди қадим анҷом меёбанд».

Дар ҳамин маврид силсилакохҳои Қаҳ-қаҳа, Ямчур ва дайри «Бранг»-и Бадахшон, ки низ хароб мегарданд, ба феҳристи нодиртарин ёдгориҳои Роҳи Абрешими UNESCO ё сандуқи фарҳанги СММ пешбарӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG