Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварӣ аз қурбониёни таъқибот дар Шӯравӣ


Маскавиҳо назди санги Соловетский дар майдони Лублянская, наздикии дафтари марказии ФСБ гул мегузоранд.
Маскавиҳо назди санги Соловетский дар майдони Лублянская, наздикии дафтари марказии ФСБ гул мегузоранд.

Рӯзи сешанбе дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Русия ва як идда аз кишварҳои дигари Шӯравии собиқ қурбониёни таъқибҳои даврони сталиниро ёдоварӣ карданд.

Бахусус, дар солҳои сиюми асри гузашта, дар даврони раҳбарии Иосиф Сталин миллионҳо нафар азобу уқубати мошини таъқиботии ба истилоҳ сталиниро дар мисоли худ ва аъзои хонаводаи худ ба чашми сар дидаанд. Миллионҳо нафар бо иттиҳомоти мухталиф, сар карда аз ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷӣ ва рафта то тарғиботи зиддишӯравӣ барои солиён ба кунҷи зиндонҳо нишастанд, садҳо ҳазор нафарро ҳамин тавр барои солҳо бадарға дар Сибир насиб шуд.

Нуқтаи болотарини ин таъқибот ё худ репрессияҳо соли 1937 дониста мешавад. Маркази омӯзиши афкори умумии Русия, дар арафаи рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиботи солҳои шӯравӣ ва бо гузашти 70 сол аз соли сиёҳи 1937, дар Русия як назарсанҷии фарогир анҷом додааст, ки ҳокии батадриҷ аз ёдҳо зудуда шудани хотироти он солҳои наҳс будааст.

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, дар зеҳни танҳо тақрибан нисфи шаҳрвандони Русия соли 1937 ҳамчун замони зулми сталинӣ ва таъқиботи саросарӣ ҳамчунон нақш бастааст, бархи дигар онро ҳамчун замони гуруснагии оммавӣ, рушди саноат, оғози фашизм дар Аврупо ва умуман як даврони барои ҳама мушкил маънидод мекунанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, 44 дарсади пурсидашудагон ҳодисаҳои он солро умуман дар хотир надоштаанд. Аз чаҳор се ҳиссаи пурсидашудагон ба ҷузъ аз Солженицын, Королёв ва Роккосовский дигар исмҳои афроди мӯътабареро, ки мавриди таъқиби Сталин қарор гирифта буданд, дар ёд надоштаанд, вале теъдоди умумии қурбониёни зулму таъқиботи он солҳоро беш аз чанд миллион нафар медонанд.

Нисфи пурсидашудагон муътақиданд, ки ҳеҷ нафаре аз наздикони онҳо мавриди таъқиби раҳбари пешини давраи шурваии собиқ қарор нагирифтаанд, вале 5 дар сади мардум хешовандони худро, ки дар зиндонҳои сталинӣ ба сар бурдаанд, хуб дар хотир доштаанд.

Ба ақидаи беш аз нисфи пурсидашудагон, аз таъқиботи Сталин дар ин солҳо аксаран кормандони илму фарҳанг, низомиён ва ҳатто мардуми оддӣ ранҷ бурдаанд. Танҳо ду дарсади онҳо гуфтаанд, ки ғолибан коммунистон ва душманони ҳукумати Шуравӣ, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ худ ҷиноят содир кардаанд, мавриди зулму истисмори Сталин қарор гирифтанд.

Ба ин суол, ки оё таъқиботи саросарӣ тақозои замон буд ва ё иштибоҳи Сталин, 19 дарсад онро ҳамчун хатои нобахшидании Сталин ва низоми ташкилкардаи ӯ баҳо додаанд, вале дар ҳамин ҳол, 2 дарсад чунин амалро аз ҷониби раҳбари пешини давраи Шӯравии собиқ дуруст ва ногузир ҳисобидаанд.

Нуралии Давлат - таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон низ танҳо нафарони каме ҳодисаҳои соли 1937-ро дар ёд доранд ва зиёда аз ин насли ҷавони кишвар ҳатто кӣ будани Сталинро шояд надонад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯяд Нуралии Давлат, дар даврони диктатураи Сталин ҳазорон нафар аз Тоҷикистон ё ба Афғонистон фирор карданд ва ё ба Сибиру Қазоқистон бадарға шудаву ҳазорҳо нафар ба қатл расиданд.

XS
SM
MD
LG