Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррарот барои сарбозони қарордодӣ ташдид меёбад


Вазорати дифоъ ва вазорати хориҷаи Амрико ба тавофуқ расидаанд, ки муқаррароти раҳбарӣ ба қарордодиҳои хусусии амниятӣ дар Ироқро шадидтар кунанд. Тағироти мазкур дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки моҳи гузашта дар натиҷаи тирандозии як сарбози қарордодӣ аз ширкати хусусии амниятӣ мавсум ба Блэквотери Амрико 17 нафар дар Бағдод кушта шуданд. Аз суи дигар, ҳукумати Ироқ санадеро ба тасвиб расонд, ки он ҳақи масъуният барои ширкатҳои хусусии амниятии хориҷиро аз миён мебарад. Агар ин санад дар порламони Ироқ низ ба тасвиб расад, дар он сурат санади соли 2004 эътибори худро аз даст медиҳад. Он вақт дар давраи ҳукумати Идораи амрикоии Ироқ, яъне дар давраи раҳбарии Пол Бремер-раҳбари амрикоии Ироқ санади масъуният ба тасвиб расида буд.
XS
SM
MD
LG