Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳофизони ҷинояткор муҷозот хоҳанд шуд


Ҳукумати Ироқ бо тасвиби тарҳи як қонун имтиёзи аз муҷозоти додгоҳӣ озод будани ширкатҳои муҳофизатии хориҷиро лағв кард. Тибқи санади нав, бояд ҳамаи ин ширкатҳо ба қавонини Ироқ итоат кунанд ва муҷаввизи нигаҳ доштани силоҳ бигиранд.Тарҳи қонун рӯзҳои наздик дар порлумони Ироқ баррасӣ хоҳад шуд.

Мавзӯъи буду бош ва вазъи ҳуқуқии ширкатҳои муҳофизатии хориҷӣ баъди он доғ гардид, ки моҳи гузашта кормандони ширкати амрикоии Блейкуотер ҳангоми ҳифзи дипломатҳо дар Бағдод чаҳор сӯ бенизом оташ кушоданд ва дар натиҷа 17 тан аз сокинони осоиштаи пойтахти Ироқ ба ҳалокат расиданд. Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта хабар дод, ки дар вокуниш ба ин ҳодиса қабули кормандон барои хизмат дар ширкатҳои муҳофизатӣ шадидтар шуда, аз ин баъд ҳама амалҳои муҳофизони ин ширкатҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG