Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи даргириҳо дар Фараҳ


Дар вилояти Фараҳ – воқеъ дар шарқи Афғонистон даргириҳо миёни пулиси маҳаллӣ ва Толибон идома доранд. Гуфта мешавад, ки задухурдҳо мунҷар ба ҳалокати 7 сокини осошта ва як корманди пулис шудаанд. Тақрибан 20 тан аз толибон низ кушта шуда ё ҷароҳат бардоштаанд.

Толибон изҳор карданд, ки онҳо волусволии Гулистонро таҳти назорат гирифтанд. Ва аммо мақомоти вилоят ин иттилоъро такзиб карданд ва гуфтанд, ки ахиран ба Гулистон неруҳои ҳукуматӣ ва сарбозони эътилофи байналмилалӣ фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG