Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вошингтон ҳадафи ҳамла ба Эронро надорад


Дино Перино – намояндаи Кохи Сафед изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳадафи ҳамла ба Эронро надорад. Ба гуфтаи ӯ, "Кохи Сафед паёми рушан мефиристад, ки сару садоҳо дар мавриди имкони ҳамла ба Эрон бепояву бунёданд". Ба суоли хабарнигорон, ки оё худи ӯ дар ин бора имутмаин аст, хонум Перино посух дод, ки ӯ "мутмаин аст Амрико роҳҳои дипломатии ҳалли қазияи барнамаи ҳастаии Эронро ҷустуҷӯ мекунад".

Ва ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Теҳрон даври нави музокироти Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ ва Эрон шурӯъ шуд – ҳайати Оҷонсро Олли Ҳейнонен – муовини раиси МАГАТЭ сарварӣ мекунад.

Дирӯз Муҳаммад Ал-Барадей – раиси Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки Теҳрон хоҳиши қатъи ғанисозии ураниум ва бунёди реактори оби вазнин дар Аракро надорад. Аз ин пеш Иёлоти Муттаҳида як изҳороти Ал-Барадеиро зери шубҳа бурд, ки гуфта буд “айни ҳол далелҳои қавии талоши Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ мавҷуд нестанд”.

XS
SM
MD
LG