Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи нави бӯҳрони ҳастаии Эрон


Мулоқоти вазири умури хориҷии Русия (чап) бо президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, 30 октябри соли 2007
Мулоқоти вазири умури хориҷии Русия (чап) бо президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, 30 октябри соли 2007

Сафари Сергей Лавров ба Теҳрон ва изҳороти ахири Чин, ба гуфтаи коршиносон, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро рӯҳбаланд кардаанд.

Эрон дар барномаи ҳастаии худ қадаме ақиб нахоҳад нишаст. Ин изҳороти раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, такрори паёмҳои гузаштаи ӯ, дар остонаи сафари эълоннашудаи вазири умури хориҷии Русия ба Теҳрон садо дод. Нуктаи нав дар паёми кӯҳна ин буд, ки Аҳмадинажод гуфт, кишвараш роғиби ҳеч гуна музокирот бо Амрико нест. Ва ҳам ин ки раисиҷумҳури Эрон афзуд, кишвараш ба қуллаи пирӯзӣ то рафт наздиктар мешавад ва аз нигоҳи ӯ, баҳси ҳастаӣ тамомшуда мебошад.

Сафари Сергей Лавров ба Теҳрон ва изҳороти ахири Чин, ба гуфтаи коршиносон, Аҳмадинажодро рӯҳбаланд кардаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Лю Яангчао рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт: "Ба фикри мо, набояд вазъиятро бо эълони таҳримҳои нав печидатар кард. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳамаи тарафҳои зидахл дар пайи ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи гуфтушуниданд."

Чин бар ин аст, ки набояд ҳоло вазъро печидатар кард...
Таври маълум, Русия низ ба таҳримҳои нав мухолиф аст. Ҳарчанд мақомоти расмии Маскав мегӯянд, сафари Лавров аз пеш тарҳрезӣ шуда, бо сабабҳои фаннӣ дер эълон гашт ва он асосан ба равобити дуҷониба дахл хоҳад дошт, коршиносон бар инанд, ки дар арафаи гуфтушуниди Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ барпо шудани сафари Лавров ба Теҳрон омили иловагии тақвияти мавзеъгирии Эрон аст. Ин ҳам дар ҳоле ки раиси бунгоҳ Муҳаммад Ал-Барадеӣ рӯзи якшанбе ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, далелеро намебинад, ки Эрон барномаи фаъоли ҳастаӣ дорад ва бар ин аст, ки масъаларо метавон бо музокирот ҳал кард. Дар ҷавоб Теҳрон аз ин изҳороти ҷаноби Барадеӣ ситоиш кард ва онро на мавзеъгирии шахсӣ, балки натиҷаи бозрасиҳои бешумори бунгоҳи ҳастаӣ номид. Теҳрон гуфт, ин бозрасиҳо самимияти Эронро дар пайгирӣ аз аҳдофи сулҳомези барнома нишон додаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои берунаи Эрон ҳамчунин аз президенти Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии Олмон Франк-Волтер Штейнмайер ба некӣ ном бурд. Аммо манзараи куллӣ чунин нест, ки бархӯрди ҷаҳон ба барномаи ҳастаии Эрон нарм шуда бошад. Вазири дифоъи Фаронса Эрве Морин дар Абу дабӣ ба хабарнигорон гуфт, агар Барадеӣ ҳақ бошад, Эрон бояд сабабе барои мумониати бозрасиҳо надошта бошад. Агар ин барномаи сулҳомези ҳастаист, чаро ба бозрасони байнулмилал монеъагузорӣ мешавад?

Маълум нест, Эрон ба қуллаи пирӯзӣ наздик мешавад ва ё баҳси ҳастаӣ ба авҷи худ мерасад. Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта таҳримҳои иловагии якҷонибаи зидди Эронро эълон кард. Ин ҳам дар ҳоле ки Шӯрои Амният ду басти таҳримҳоро ҷорӣ карда буд. Ва акнун Барадеӣ, раиси Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ, бояд то нимаҳои моҳи ноябр гузориши нави бунгоҳро дар бораи Эрон ба миён гузорад ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал зимни он тасмими ниҳоӣ бигирад.

XS
SM
MD
LG