Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои умумии уламои исломӣ алайҳи терроризм


Марказҳои исломии Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои тундгаро дар як Шӯрои машваратӣ муттаҳид шуданд.

Онҳо мегӯянд, бо таъсиси ин Шӯро моҳе як бор ҷамъ хоҳанд омад ва масоили марбут ба дини Ислом дар Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд намуд. Унгар Каҷӣ, сухангӯи идораи муфтиёти Қазоқистон, гуфт, раҳбари мусулмонҳои ин кишвар Ҳоҷӣ Абдусаттор Дербисали ҳамчун раиси нахустини ин Шӯрои машваратӣ барои 3 соли оянда пазируфта шуд. Вай афзуд, ин шӯро барномаҳоеро рӯйи даст дорад, ки асосан роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷараёнҳои нави мазҳабиро, ки ахиран арзи вуҷуд намудаанд, баррасӣ ва амалкарди муштаракро баномарезӣ хоҳад кард.

Сухангӯи идораи муфтиёти Қазоқистон афзуд, ҳайъати ин шӯрои машваратӣ ҳадафи ягона, яъне рушди минбаъдаи дини Ислом, ҳимоят аз китоби Қуръон ва таъмини ақоиди воҳиди мусулмонҳои минтақаи Осиёи Марказиро доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамагуна масоили марбут ба дини Ислом ва гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақа бо машварат ва кӯмаки ҳамдигар рафъ карда хоҳад шуд.

Раҳбари Маркази исломии Тоҷикистон дар нишасти нахустини ин шӯрои машваратии минтақаӣ натавонистааст ширкат кунад. Вале диндорони Тоҷикистон таъсиси ин шӯроро дар амри огоҳӣ аз вазъи кишварҳои ҳамсоя дар бахши мазҳабҳо ва динҳо дуруст мешуморанд.

Гуфта мешавад, то соли 1991 дар Тошканд чунин як Шӯрои мусулмонҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ мавҷуд будааст. Аммо исломшинос, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ раиси Идораи қозиёти Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки мушкилиҳои пешомадаи марбут ба дини Ислом дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар аз сӯи ҳукуматҳо рӯ мезанад ва аз ин рӯ дар роҳи ҳалли он масоил ва тасмимгириҳо Шӯрои машваратӣ боз ҳам дасткӯтоҳ хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, ҳукуматдорони минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дунболи кишварҳои ғарбӣ мераванд, нисбат ба пайравони Ислом ва ҳатто ба масҷидҳо назари шубҳа доранд ва доим эҳсоси хатар мекунанд. Онҳо бисёр мекӯшанд, ки фишору таъқибҳо ва маҳдудиятҳо болои муассисаҳои исломӣ зиёд шавад, мегуяд ӯ.

Ахиран раҳбари мусулмонҳои Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода аз мардуми мусулмони ин кишвар, аз ҷумла ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба гурӯҳ ва шохаҳои навпайдои исломӣ напайванданд ва дар эътиқоди худ қавӣ бошанд.

XS
SM
MD
LG