Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши савдои хориҷии Тоҷикистон


Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон тайи 9 моҳи ахир баробар ба 2 миллиарду 766 милиён доллар будааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов, 40 дар сади ин маблағро содирот ва 60 дар садро воридот ташкил додааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо беш аз 90 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷоратӣ доштааст. Ҳамкорони аслии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳоланд, Русия, Чин, Эрон ва Туркия номида мешаванд. Аз ин кишварҳо Тоҷикистон асосан гандум ва сузишворӣ ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG