Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаҳои қарздор аз кормандон


Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муассисот ва корхонаҳои Тоҷикистон аз кормандон ба маблағи 26 миллиёну 550 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд. Ба итилоъи ин вазорат, бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон музди меҳнати кормандонро саривақт пардохт намекунанд.

Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар 766 корхонаву ташкилот санҷиш гузаронидааст, ки дар аксари онҳо мавридҳои нақзи ҳуқуқи кормандон ошкор гардидааст.

Аз сӯи корфармоён иҷро нагардидани вазифаҳои онҳо дар назди кормандон, қарздор будани бархе корхонаҳо аз ташкилотҳои дигар, дар вақти муайяншуда интиқол надодани пули маҳсулот аз сӯи сармоягузорон, аз омилҳои аслии пардохт нашудани музди меҳнати кормандон аз ҷониби корхонаҳо будааст.

Мақомоти вазорати кори Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки бештар аз 5 ҳазор ҳодисаи нақзи ҳуқуқи кормандони муассисаҳо ва идораҳои мухталиф аз сӯи корфармоён ошкор гардида, барои ислоҳи онҳо ба роҳбарони корхонаҳо 766 санад пешниҳод шудааст.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ ин рақамро тасдиқ намуд ва гуфт, Иттифоқҳои касаба борҳо ба ҳукумати кишвар дар масъалаи пардохти музди коргарон муроҷиат кардааст, вале натиҷае ба даст наомадааст.

Феълан, қарзи зиёдтарини музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ будааст, ки он ба беш аз 17 миллиён сомонӣ баробар будааст, ки ин 65,5 фоизи қарзи умумии корфармоён аз кормандонро ташкил медодааст.

Хадамоти давлатии назорати меҳнати вазорати кори Тоҷикистон ба фаъолияти корфармоён дахолат намуда, онҳоро водор намудааст, ки ҳудуди 9 миллион сомонӣ музди кормандонро пардохт намоянд. Аз нисф бештари ин маблағ музди меҳнати кишоварзон будааст, ки дар натиҷаи фишовариҳои ниҳод аз сӯи воҳидҳои кишоварзии кишвар ширкатҳои сармоягузор пардохт шудааст.

XS
SM
MD
LG