Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷопон ба Рашт кӯмак мекунад


Ҳукумати Ҷопон тавассути Бонки Осиёии Рушд барои деҳоти водии Рашт, ки дар натиҷаи обхезии соли гузашта осеб дидаанд, кӯмаки бебозгашти молӣ мекунад.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, маблаги кӯмаки молии Ҷопон 2 милиён долларро ташкил медиҳад ва он, дар назар аст, барои барқарорсозии зербинои деҳоти харобгашта ва ҳамчунин азнавсозии пули болои дарёи Сурхоб масраф шавад.

XS
SM
MD
LG