Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти МАГАТЭ ва Эрон аз сар гирифта шуд


Сергей Лавров – вазири хориҷаи Русия имрӯз бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Эрон мешавад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти ӯ бо Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон қазияи барномаи ҳастаии Эрон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Эрон баррасӣ шаванд.

Ва ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Теҳрон даври нави музокироти МАГАТЭ - Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ ва Эрон шурӯъ мешавад – Олли Ҳейнонен, муовини раиси Оҷонс ба хотири баррасии мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон ахиран вориди Теҳрон шуд.

Дирӯз Муҳаммад Ал-Барадей – раиси МАГАТЭ зимни суханронӣ дар Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Теҳрон хоҳиши қатъи ғанисозии ураниум ва бунёди реактори оби вазнин дар Аракро надорад.

Аз ин пеш Иёлоти Муттаҳида изҳороти Ал-Барадеиро зери шубҳа бурд, ки гуфта буд “айни ҳол далелҳои қавии талоши Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ мавҷуд нестанд”.

XS
SM
MD
LG