Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаҳои демократҳои Суғд


Ҷумъабой Ниёзов ғарқи андеша аст.
Ҷумъабой Ниёзов ғарқи андеша аст.

Бахши ҳизби демократии Тоҷикистон дар Суғд, ҷиноҳи М. Искандаров, дар як ҷаласаи васеъи аъзои раёсат қарори қаблии худ дар бораи нобоварӣ ба Ҷумъабой Ниёзов – раиси бахши суғдиро бекор ва ӯро боз дар мақомаш барқарор кард.

Дар аввалҳои моҳи сентябр Ҷумъабой Ниёзов аз сӯи аъзои раёсат бо аксарияти оро дар пайи муноқишаҳои дохилиҳизбӣ аз мақоми сарварии бахши ин ҳизб дар Суғд барканор карда шуда буд.

Аммо ихтилофҳои муноқашаангез дар миёни аъзои раёсати суғдии ҳизби демократӣ бар сари чист?

Тавре ки аъзои раёсати созмони суғдии ҳизби демократии Тоҷикистон матраҳ мекунанд, миёни онҳо сари ду масъала ихтилоф ва зиддият ба вуҷуд омадааст : якум, муносибат бо ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ ва дуюм, ҳифзи моликияти аслӣ - бинои дафтари созмони ҳизби демократӣ дар Хуҷанд.

Файзулло Файзиев – сарвари созмони ҳизби демократӣ дар Хуҷанд ва аз гурӯҳи мухолифи Ҷумъабой Ниёзов ақидаи гурӯҳи ҷонибдоронашро чунин шарҳ медиҳад, ки ҳизбаш дар маъракаҳои сиёсӣ ва интихоботҳои раисҷумҳурӣ бо ҳизби ҳукмрон дар як сангар қарор гирад.

Дар соли 2006 гурӯҳе аз аъзои раёсати бахши суғдии ҳизби демократии Тоҷикистон ба раиси бахш – Ҷумъабой Ниёзов пешниҳод кард дар анҷумани пешбарӣ демократҳои Суғдро даъват кунад аз Эмомалӣ Раҳмон - номзади ҳизби халқии демократӣ ҷонибдорӣ кунанд. Аммо Ҷумъабой Ниёзов аз ин ақида ҷонибдорӣ накард. Ӯ пешниҳод карда буд, ки бояд бо номзади худӣ вориди саҳнаи интихоботи раисҷумҳур шаванд.

Аммо чаро бо гузашти як сол аз интихоботи раисҷумҳур дар Тоҷикистон гурӯҳе аз аъзои раёсати ҳизби демократӣ дар Суғд боз ҳам масъалаи ҳамкорӣ бо ҳизби ҳукмрони халқии демократиро матраҳ мекунанд, аз нигоҳи коршиносон, баёнгари он аст, ки дар дохили созмони суғдии ин ҳизб низ нирӯҳои ҳукумат ва ҳизби ҳукмронгаро ба майдон омадаанд. Коршинос - Ҷамшеди Обидпур мегӯяд, дар мақоми раҳбарӣ омадани чунин нафарон мавқеи созмони суғдиро заъф ва онро ба як ҳизби кисагии ҳукумат мубаддал мекунад. Ба гуфтаи вай, инчунин сарнавишт се сол қабл бар сари бахши суғдии ҳизби сотсиалист омада буд.

Вале муноқиша бар сари ҳифзи бинои дафтари ҳизби демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд бо даъвии теъдоде аз узви раёсати созмони суғдӣ дар айни ҳол барои ҳаллу фасл ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон кашида шудааст. Ҷумъабой Ниёзов - раҳбари бахши суғдӣ, ҳамзамон муовини аввал ва иҷрокнундаи вазифаи раиси ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар пайи бахшидани қисмате аз бинои дафтар бар ивази қарзи ҳизбаш ба як вомхоҳ ба интиқоди шадид ва даъвии додгоҳии ҳамҳизбонаш рӯ ба рӯст.

Ҳамакнун ҷаласаи раёсати созмони суғдии ҳизби демократӣ бозбинӣ ва ҳалли ин ду масоили ихтилоф ва муноқишаангез ва интихоби раиси навро ба конфронси навбатии бахш, ки қарор аст, моҳи декабр баргузор гардад, вогузор кардааст.

XS
SM
MD
LG