Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар Рашт бехона монд


Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дафтари кории худ дар водии Раштро аз даст дод.

Илёсиддин Саидҷаъфаров, раиси раштии ҲДТ-и М. Искандаров ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати бидуни дафтари корӣ мондани онҳо мушкили молӣ мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидҷаъфаров, дафтари онҳо мутааллиқ ба Тоҷикматлубот будааст ва пас аз боло рафтани арзиши иҷора онҳо маҷбур шудаанд, ки аз ин дафтар даст кашанд.

Қаблан, ҲДТ-и Искандаров 64 сомонӣ иҷорапулӣ месупоридааст ва ахиран, ин нарх то ба 80 сомонӣ боло рафтааст.

Ҷаноби Саидҷаъфаров гуфт, онҳо дар водии Рашт беш аз 100 узв доранд.

Ду ҷиноҳи дигари Ҳизби демократ то ҳанӯз дар Рашт шӯъбаи худро боз накардаанд.

XS
SM
MD
LG