Пайвандҳои дастрасӣ

Боз суиқасд ба ҷони Мушарраф?


Бар асари инфиҷор дар шаҳри Равалпиндии Покистон дасти кам 5 кас кушта ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи пулис, маргталаб худро дар канори қароргоҳи низомии раисиҷумҳур ва сарфармондеҳи неруҳои Покистон Парвиз Мушарраф инфиҷор кард. Ба Мушарраф осебе нарасидааст.

Тибқи як хабари дигар аз Покистон, садҳо сокинони дараи Сват – воқеъ дар Вилояти марзии шимолу ғарбӣ, бо истифода аз оташбаси миёни неруҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони пуштибон аз Толибон манзилҳои худро тарк мекунанд. Мардум аз он ҳарос доранд, ки даргириҳо дар Сват дубора шурӯъ мешаванд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар задухурд миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони Толибон чанд сарбози артиш ва даҳҳо мухолифини ҳукумат кушта шуданд.

Оташбас дар дараи Сват дирӯз эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG