Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҲНИТ дар Хатлон дубора интихоб шуд


Раиси қаблии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қаландар Қадриддинзода дубора раиси ин ҳизб дар вилоят интихоб гардид. Вай дар як нишасти ҲНИТ дар шаҳри Қурғон-теппа барои бори дуввум ба ин маснад пешниҳод гардид ва аз сӯи тамоми ширкаткунандагони нишаст ҷонибдорӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин шумори аъзоёни раёсати ҲНИТ дар вилояти Хатлон бештар гардида, аз 21 нафари қаблӣ ба 23 нафар афзоиш дода шуд.

Тибқи иттилоъи раёсати ҲНИТ дар Хатлон, шумори пайравони ин ҳизб дар вилоят ахиран рӯ ба афзоиш аст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG