Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Туркия – бидуни раводид?


Шоми дирӯз сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба муносибати 84-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Туркия як маросими расмӣ баргузор намуд.

Дар суханронии худ дар ин маросим сафири Туркия Акиф Айхан аз ҷумла гуфт: «Муносиботи мо хосса аст ва Туркия нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро расман шинохт. Дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ низ – вақте ки сарварони дигар кишварҳо тасмими ба Тоҷикистон омаданро намегирифтанд, собиқ раисиҷумҳури Туркия дар соли 1995 ба Душанбе омад ва бо ин дастгирии равонӣ ва модии кишваримонро равшан изҳор кард».

Ин дастгирӣ, ба гуфтаи сафири Туркия, ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар исботи ин ӯ ёдовар шуд, ки кишвараш дар бозсозии хона-интернати Чорбоғ ройгон кумак карда, дар барқарорсозии маркази обкашии Ҳисор ва баргузорсозии бисёр маъракаҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтааст. «Ҳамраъйии аз чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба убуркунандаи Туркия ва Тоҷикистон дар форумҳои байнулмилалӣ низ зоҳир мешавад» - таъкид намуд сафир.

А. Айхан ҳамчунин ёдовар шуд, ки муносиботи кишвараш бо Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъиву фарҳангӣ таҳкиму рушд намудааст, ки мисоли равшани ин соли ҷорӣ дар ҳарду кишвар дар доираи маъракаҳои гуногун 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини румии балхӣ муштаракан ҷашн гирифта шуд.

Оқои Айхан дар охири суханрониаш ба ҳозирин хабар дод, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарурати дарёфти раводид (виза) ҷиҳати сафар ба Туркия барҳам дода шуд. Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки "долони раводиди ройгон" ҳамагӣ барои як моҳ аст.

Гуфта мешавад, дар ин шабнишинии расмӣ аъзои ҳукумат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлати Тоҷикистон, инчунин олимон, намояндагони ҷомиъа ва хабарнигорон иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG