Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко унвонҳои душманони ҷонашро лағв кард


Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин унвонҳои низомӣ ва ифтихории ду нафареро лағв кард, ки дар заҳрогин кардани вай дар соли 2004 даст доштаанд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳурии Укроин дар соли 2004 Игор Смешко-раиси вақти хадамоти амниятии Укроин ва Володимир Сатсиюк-муъовини вай бо Виктор Юшенко як ҷо наҳор хурдаанд, ки пас аз он Юшенко заҳролуд ва ба бемории шадид гирифтор шуд. Леонид Кучма-Раиси ҷумҳури вақт ба Смешко ҳамон вақт унвони сафири фавқулодда ва мухтор ва ба Сатсиюк-муовини вай рутбаи генералӣ дода буд.

XS
SM
MD
LG