Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости СММ аз Толибони ситезаҷу дар Афғонистон


СММ аз ситезаҷуёни Толибон дархост кард, ки ба корвонҳои ҳомили маводи ғазоӣ ҳамла накунанд, зеро ин корвонҳо маводи ғазоиро ба ниёзмандони афғон интиқол медиҳанд. Том Коенигз-раҳбари намояндагии кумакҳои СММ дар Афғонистон мегуяд, соли ҷорӣ 34 корманди имдодӣ дар ин кишвар кушта шудаанд. Ба гуфтаи вай, гуруҳҳои ҷиноӣ 76 корманди имдодиро рабудаанд ва ба 55 корвон ҳамла бурда, онҳоро ғорат кардаанд. Ба гуфтаи Том Коенигз, ононе, ки ин корҳоро анҷом медиҳанд, масъулияти маҳрумиятҳои қишрҳои нодори аҳолиро дар Афғонистон бар уҳда доранд.
XS
SM
MD
LG