Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бақубаи Ироқ 30 ҷасади сарбурида пайдо карданд


Дар шаҳри Бақубаи Ироқ дастикам 30 ҷасади сарбурида пайдо шудааст. Ин ҷасадҳоро дар ҳоле пайдо кардаанд, ки чанд соъат пеш дар наздикии як маркази омузишӣ дар маркази шаҳри Бағдрод-пойтахти Ироқ як бамгузори интиҳорӣ 30 корманди пулисро ба қатл расонд. Дар вилояти Карбало амният ба таври расмӣ дар ихтиёри нируҳои маҳаллии Ироқ қарор гирифтааст. Карбало яке аз амокини муқаддаси шиъаён ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG