Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО куштори рузноманигори узбакро маҳкум кард


Мудири Кулли ЮНЕСКО ё Созмони Ҷаҳонии Омузишӣ ва Илмиву Фарҳангии СММ куштори ахири Алишер Соҳибов-рузноманигори мустақили узбак дар Қирғизистонро маҳкум кард. Вай гуфт, истифода аз хушунат барои сукути рузноманигор ғайриқобили қабул аст. Чунин равиш ба мавозини ҳуқуқи башар барои озодии баён мухолиф аст ва ҳақи демократии мардумро барои ширкат дар мунозироти озод ва иттилоъотӣ поймол мекунад. ЮНЕСКО дар саросари ҷаҳон аз озодии матбуъот дифоъ мекунад. Алишер 24-уми октябр дар шаҳри Уши Қиризистон аз тири афроди номаълум кушта шуд.

XS
SM
MD
LG