Пайвандҳои дастрасӣ

Вазир аз кофтукови ҷомадонаш маъюс аст


Аввалин вазири мусулмон дар ҳукумати Британия мегӯяд, баъди кофтукови маводи тарканда дар ҷомадонаш дар фурӯдгоҳи Далеси Вашингтон "хеле маъюс" мебошад.

Рӯзи якшанбе вазири рушди байналмилалии Британия Шаҳид Малик тӯли 40 дақиқа дар фурӯдгоҳи пойтахти ИМА аз тарафи ходимони вазорати амнияти дохилии ин кишвар боздошт шуд. Қабл аз он ӯ бо мансабдорони ҳамин вазорат мулоқот карда буд.

Малик гуфт, соли гузашта ҳам дар фурӯдгоҳи Ҷон Кеннедии Ню-Йорк дар ҷомадони ӯ маводи тарканда кофта буданд. Ба гуфти вазир низоми амрикоӣ илҳомбахшандаи эътимод нест.
XS
SM
MD
LG