Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари раисҷумҳур сари қудрат омад


Раисҷумҳури нави Аргентина Кристина Фернандес Киршнер дар назди ҷонибдорони худ дар шаҳри Буенос-Айрес, 28 октябри 2007
Раисҷумҳури нави Аргентина Кристина Фернандес Киршнер дар назди ҷонибдорони худ дар шаҳри Буенос-Айрес, 28 октябри 2007

Бонуи аввали Аргентина Кристина Фернандес де Киршнер дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар пирӯз омад ва моҳи декабр қудрат аз шавҳараш ба дасти ӯ мегузарад.

Кристина Фернандес Киршнер ҳини суханронӣ дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Буйенос Айрес бо ситоиш аз дастовардҳои шавҳараш, раисҷумҳури Аргентина Нестор Киршнер, ёдовар шуд ва гуфт, сиёсатҳои ӯро идома хоҳад дод.

Агар натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури Аргентина таъйид шавад, Кристина Фернандес Кришнер 10-уми декабр нахустин раисиҷумҳури зан дар Аргентина хоҳад шуд, ки ба таври демократӣ ба қудрат мерасад.

Бисёре аз мардуми Аргентина шавҳари ӯ Нестор Киршнерро наҷотдиҳандаи иқтисодиёти кишварашон медонанд. Баъд аз раисҷумҳур шудани ӯ Аргентина, ки дар панҷаи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ буд, рӯ ба беҳбудӣ овард. Акнун Аргентина бисёре аз қарзҳои хориҷиашро баргардондааст, рушди иқтисодиаш солона 8 дар садро ташкил медиҳад ва мардуми миёнаҳол дар кишвар зиёдтар мешавад.

Кристина Фернандес Киршнер, ки зебо мепушад ва ақидаҳои чапгароёна дорад, рӯзҳои афсонавии Евита Перонро ба ё меорад ва фаъолиятҳои сиёсиаш достони Ҳиллари Клинтонро. Шавҳари ӯ пеш аз он ки ба мақоми раёсати ҷумҳур бирасад, фарди начандон шинохта ва раиси як минтақа буд. Ин мақом барои ҳамсараш имкони фаъолиятҳои сиёсиро фароҳам овард ва ӯ сипас вакили мардумӣ дар порлумони Аргентина интихоб шуд.

Рафтори раисҷумҳур ин гуфтугуҳоро барангехтааст, ки сулолаи сиёсии нав метавонад, суннатҳои барқароршудаи демократия дар Аргентинаро аз байн барад.

Кристина Фернандес Киршнер маъракаи маъмулии интихоботӣ пеш набурд. Вай вориди баҳс бо рақибони сиёсиаш нашуд, аз тарғиботи матбуотӣ худдорӣ намуда ва ҳамоишҳои чандоне низ баргузор накард. Чун вақти мардум дар Аргентина хубтар мегузарад, зоҳиран теъдоди каме аз онҳо нигарони ин масъала ҳастанд.

Кристина Фернандес Киршнер қавл додааст, ки сиёсатҳои шавҳарашро идома хоҳад дод ва онҳоеро ҳам фаромуш нахоҳад кард, ки аз рушди иқтисодӣ дар кишвар бебаҳра мондаанд. Аммо ӯ чӣ гуна ваъдаҳояшро амалӣ хоҳад кард, бешубҳа на танҳо аз тарафи мардуми Аргентина балки аз тарафи раҳбарони ҷаҳонӣ, ки ҳамсарони зирак ва фаъол доранд, аз наздик назора хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG