Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Исроил "саратон" доштааст


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт эълон кард, ки табибон дар ҷисми ӯ бемории саратонро кашф намудаанд. Дар шаҳри Байтулмуқаддас Олмерт гуфт, ки ба наздикӣ ӯ амалиёти ҷарроҳиро пушти сар хоҳад кард. Табибон ба ӯ гуфтаанд, ки саратони простат дар марҳилаи ибтидоӣ мебошад ва имкон дорад, ки сарвазири Исроил шифои комил ёбад. Олмерти 62 сола тасмим гирифтааст, иҷрои вазифаҳояшро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG