Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар Боку


Сухангӯи вазорати амнияти миллии Озарбойҷон Ориф Бобоев мегӯяд, нерӯҳои амниятии ин кишвар аз ҳамлаи калон болои василаҳои муҳим ва сафоратҳои мамолики ғарбӣ дар Боку ҷилавгирӣ намуданд.

Ориф Бобоев ба радиои Озодӣ гуфт, ки баъзе аъзои гурӯҳи муттаҳам бо фаъолиятҳои террористӣ ба ҳабс гирифта шудаанд ва амалиёти пайгарду боздошти аъзои боқимондаи ин гурӯҳ давом дорад.

Сухангӯи вазорати амнияти миллии Озарбойҷон афзуд, ки дар рафти амалиёт як нафар кушта ва миқдори зиёди аслиҳа мусодира шуд.

Имрӯз сафорати Британия дар Боку дарҳояшро боз накард. Сафорати ИМА бошад, вобаста ба ҳушдори амниятӣ фаъолияташро маҳдуд намуд.

Дар ин робита аснои сӯҳбат бо радиои Озодӣ Ҷонатан Ҳеник ходими масъули сафорати Амрико дар Боку гуфт:

" Вобаста ба ҳушдори амниятии таҳдиди ҳамла ба сафорат имрӯз фаъолияти сафорат коҳиш ёфт. Сафорат боз аст, вале мо хадамоти маъмулӣ аз қабили тақдими раводиди сафар ва ё иҷрои ниёзмандиҳои шаҳрвандони Амрикоро ба ҷо намеорем."

Сафорати Британия дар бораи таҳдид, ки боиси манъи муваққатии фаъолияти он гардидааст, тафсилот надод.

XS
SM
MD
LG