Пайвандҳои дастрасӣ

Се рӯз аст, қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад ва барои аввалин бор қимати нафт аз 93 доллар барои ҳар бушк гузашт. Иқтисоддонон тарс доранд, ки афзоиши беисти баҳои нафт, ки монеъи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳад шуд ва табиъатан ба болоравии қимати маҳсулоти дигар низ таъсир мерасонад ва ин асосан барои мардуми камбизот дарднок аст.

Муъомилагарони нафтӣ мегӯянд, ки танишҳои афзоянда дар Ховари Миёна ва таҳдиди Туркия курдҳои ҷудоихоҳи Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия (РКК) аз далоили афзоиши қимати нафти хом аст. Рӯзи душанбе дар бозорҳои Осиё қимати як бушк нафт аз 93 доллар ҳам гузашт, ки тайи ду даҳаи ахир бозорҳои ҷаҳонӣ чунин ҳолатро шоҳид нашуда буданд.

Поён рафтани арзиши доллар ва пешбиниҳо доир ба афзоиши тақозо ба нафт то охири сол омилҳои дигари ба дараҷаи рекордӣ расидани баҳои нафт аст.

Рӯзномаи «Уолт Стрит Ҷорнал» менависад, пешбиниҳо доир ба онки тақозо назар ба арзаи нафт хеле бештар хоҳад буд, сабаби он шуд, ки рӯзи ҷумъа қимати як бушк нафт дар бозори Ню-Йорк тақрибан 92 долларро ташкил диҳад. Аммо ин дафъа зоҳиран омилҳои сиёсӣ бозорҳои нафтро чунин такон додаанд.

Хабаргузории «Франс-пресс» менависад, низоъи миёни Туркия ва ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ ин нигарониҳоро доман задаанд, ки ҷараёни нафти Ховари Миёна ба бозорҳои ҷаҳонӣ қатъ хоҳад шуд. Дигар аз мояи ин нигаронӣ танишҳои афзояндаи Амрико бо Эрон дар робита ба барномаҳои атомии ин кишвар будааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин болоравии қиматҳо ба зудӣ бознахоҳад истод. Ҳатто муъомилагарони нафтӣ тахмин мекунанд, ки то охири соли равон як бушк нафт тақрибан ба 98 доллар фурӯхта хоҳад шуд ва шояд дар аввалҳои соли оянда то ба 100 доллар ҳам бирасад.

Питер Бейтел, як таҳлилгари ширкати муъомилагари нафтии «Камерон Ҳанновер», гуфтааст, танҳо коҳиши тақозо ба нафт зимистони гарм ва кам шудани фоидаи муъомилагарони нафтӣ мебошад. Соли равон қимати як бушк нафт дар бозори ҷаҳонӣ моҳона то 10 доллар боло рафт ва аз аввали сол то кунун баҳои нафти хом 50 дарсад афзудааст.

XS
SM
MD
LG