Пайвандҳои дастрасӣ

Корвони нахустин тавассути пули нав


"Пули Дӯстӣ" дар рӯи дарёи Панҷ

"Пули Дӯстӣ" дар рӯи дарёи Панҷ

Нахустин корвони мошинҳои боркаш бо 300 тонна моли тоҷирон аз пули нави миёни Тоҷикистон ва Афғонистон убур намуд. Афғонистон ҳам ин хабарро тасдиқ кард.

Гуфта мешавад, масрафи тоҷирон барои ҳамли мол тавассути пули нав ҳамагӣ 200 долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки арзиши интиқоли чунин ҳаҷми мол бо пули обии қаблӣ 10 баробар бештар будааст.

Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир пул барои истифода кушода шудааст ва соҳибкорону тоҷирони ду кишвар метавонанд амволи худро рӯзона аз соати 9.00 то 16.00 тавассути он интиқол бидиҳанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷику афгонистонӣ, ифтитоҳи «Пули Дустӣ» барои пойин рафтани нарху наво дар бозорҳои ду ҷониби дарё мусоидат хоҳад кард ва қадами муҳиме дар рушди иқтисодиёти ду кишвар ва ҳамчунин минтақа хоҳад буд.

«Пули Дустӣ» миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки қариб 800 метр дарозӣ дорад, бо кӯмаки молии Амрико сохта шудааст. Он дар як рўз иқтидори гузаронидани беш аз 1000 мошини боркашро дорад.

XS
SM
MD
LG