Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузор 27 ироқиро ба ҳалокат расонд


Дар назди тамрингоҳи полиси шаҳри Баъқубаи Ироқ бомбгузори маргталаб худро мунфаҷир намуда, камаш 27 довталаби хидматро ба ҳалокат расонд. Дар ин таркиш беш аз 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти ироқӣ мегӯянд, бомбгузори савори мототсикл болои довталабоне ҳамла кард, ки мунтазири вуруд ба тамрингоҳ буданд.

Бомбгузории мазкур ба ҳамлаҳои Ал-Қоидаи Ироқ шабоҳат дорад, ки бо ҳадаф қарор додани марказҳои даъват ба артишу полис, мехоҳад ироқиҳоро аз хидмат дар ниҳодҳои қудратӣ дилсард намояд.

Имрӯз дар шаҳри Карбало сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, бозсозии нерӯҳои амниятии ин кишвар, ки бояд назорати Ироқро аз дасти нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии ИМА бар дӯш бигиранд, хеле ҳам ба таъхир афтодааст.

XS
SM
MD
LG