Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чинро ба дастгирии таҳрим даъват мекунанд


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Исроил аз Чин даъват кард, ки тавсеаи таҳрими Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро дастгирӣ кунад.

Дар шаҳри Пекин бо ишора ба барномаи ҳаставии Теҳрон Тсипӣ Ливнӣ гуфт, Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳаставӣ ба назму суботи олам таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Вазири исроилӣ ҳамчунон раиси Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ ( бунгоҳи ҳаставии СММ) Муҳаммад Ал-Бародаъиро танқид кард, зеро номбурда гуфтааст, ӯ ҳеҷ шаҳодати талоши Теҳрон барои дасрасӣ ба силоҳи ҳаставиро пайдо накардааст.

Имрӯз вазири мудофиаи Фаронса Ҳерве Морин шарҳи Ал-Бародаъиро беасос хонд ва гуфт, Фаронса иттилое дастрас намудааст, ки баръакси ҳолро собит мекунад.

Имрӯз дар Теҳрон муовини раиси бунгоҳи ҳаставии СММ Оллӣ Ҳейнонен бо мансабдорони эронӣ барномаи ҳаставии Эронро баҳс мекунад.

Ин музокирот бахше аз мувофиқати Эрон бо бунгоҳи ҳаставии СММ аст, ки бар пояи он Эрон ба суолҳои боқимондаи Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ посух медиҳад.

Натиҷаи музокироти ёдшуда миёнаҳои моҳи ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Мудирони агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG