Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои як махфигоҳи силоҳ дар Ванҷ


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон як махфигоҳи аслиҳаи ҷангиро ошкор кардаанд.

Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи кишвар, ин махфигоҳ дар яке аз майдонҳои минкоришуда ошкор гардидаст ва иборат аз 5 автомат, 2 пулемёт ва як гранатомёт будааст.

Гуфта мешавад, эҳтимол меравад, ин махфигоҳ аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG