Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилоъи масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд миёни ноболиғони шаҳру деҳоти ин минтақа ҷинояткорӣ дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 400 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳакимбой Маҳкамов, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент, дар суҳбат бо родиюи «Озодӣ» изҳор дошт, ки ба болоравии ҷиноёт миёни ноболиғон, қабл аз ҳама, бемасъулиятии волидайн, сустшавии таълиму тарбия дар мактабҳо ва бетарафии аҳли ҷомиъа сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол Сарвар ном зан инчунин паҳлуи дигари ин қазияро бозгӯ намуд: «Ман фикр мекунам, муҳоҷирати кории волидайн ва бесаробон мондану таҳти назорат қарор надоштани фарзандон яке дигар аз авомили ба ҷиноят даст задани наврасон мебошад».

XS
SM
MD
LG