Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯзадӯзӣ дар Русия ва дар Тоҷикистон


Дӯкони мӯзадузии Юхон Бовидови 80 сола, дар маркази шаҳри Маскав ҷойгузин аст.

Ин мӯсафед, ки беш аз нисфи умри худро дар таъмири пойафзоли мардуми бою камбағал пушти сар намудааст, аз он изҳори ташвиш дорад, ки дар Русия батадриҷ шуғли мӯзадӯзӣ ба пешаи нолозим табдил меёбад.

Ба гуфтаи Юхон Бовидов, имрӯз бештари сокинони Русия, баробари порашудани кафшҳояшон на ба дӯконҳои мӯзадӯзӣ, балки ба мағозаҳои фурӯши пойафзол мешитобанд. Фақат теъдоди ками одамон, ки барои харидории пойафзоли нав имконоти молӣ надоштаанд, барои таъмири кафшҳои худ ба мӯзадӯзон муроҷиат мекардаанд:

“ Ман аз соли 1955 инҷониб дар Маскав ба сар мебарам. Ва дар ҳамин дӯконам 35 сол кор мекунам. Қаблан дӯконам дар кӯчаи Чехов буд, ҳоло дар кӯчаи Дмитровка. ”

Юхон Бовидов аз ҷумлаи масеҳиёни озарист ва мегӯяд, тақрибан 90 дарсади мӯзадӯзони Маскав озариҳоянд. Ба қавли ӯ, музадӯзони собиқадор, аслан соҳиби дӯконҳои шахсиянд, вале ҷавонони мӯзадӯз маъмулан дар гӯшаи хиёбонҳо қарор мегиранд. Вай мегӯяд, ҳоло насли ҷавон, аз ҷумла фарзандони ӯ низ намехоҳанд, пешаи музадӯзиро интихоб кунанд ва бо нӯги сӯзани мӯзадӯзӣ нон хӯранд.

Ин нигаронии Юхон Бовидов дар мавриди аз миён рафтани пешаи мӯзадӯзӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки шаҳрдории Маскав тасмим гирифтааст, аз кӯчаҳои марказии пойтахт дӯконҳои таъмири пойафзолро канор андозад. Ба қавли мақомот, хизматрасонӣ дар ин дӯконҳо дар сатҳи паст қарор доштаву ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ набудааст.

Аммо ба фарқ аз Русия, дар Тоҷикистон то ҳанӯз аз хизматрасонии мӯзадӯзон ба таври фаровон истифода мешавад. Дар ҳар як истгоҳи Душанбе чандин дӯконҳои таъмири пойафзолро дидан мумкин аст ва ҳатто дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон бозори мӯзадӯзон ва гузар ё маҳаллаи мӯзадӯзон низ мавҷуд мебошад. Ҳатто гоҳҳо сари дастгоҳи пойафзолдӯзӣ духтарони тоҷик низ менишинанд, ба мисли Сайрам Достиева, ки 21 сол дорад. Маъмулан, кори ӯ аз соати 10-и субҳ оғоз шуда, то 6-и бегоҳ идома мекунад. Дар як рӯз ӯ то 10 ҷуфт пойафзолро таъмир карда, аз ин ҳисоб 30 сомонӣ нафъи молӣ медидааст.

Дар ҳамин ҳол, Исматулло - як мӯзадӯзи дигари душанбегӣ гуфт, имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон як пойафзоли чиноӣ, ки сифати миёна дорад аз 60 то 90 сомонӣ аст ва ҳанӯз вазъи иқтисодии сокинони кишвар, то он ҳадде нарасида, ки тавонанд, дар як фасли сол чанд ҷуфт пойафзол харидорӣ намоянд. Бинобар ин, дӯконҳои пойафзолдӯзии пойтахт ҳамеша серодам будааст.

Ба ин далел, бештари мусоҳибони мо мегӯянд, дар Тоҷикистон мӯзадӯзӣ аз шумули он касбҳоест, ки ниёзмандони зиёд дорад ва ба ин қарибиҳо аз байн нахоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG